-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Нарендра Модӣ ба саммити ҷашнии СҲШ ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

 Дирӯз дар Деҳлӣ зимни  мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба саммити ҷашнии 20-солагии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот доир ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар чаҳорчуби Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақаю ҷаҳон ва дигар таҳдидҳои амниятӣ табодули афкор сурат гирифт.

Нарендра Модӣ аҳамияти рушди робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо ҳар кишвари узви Муколамаро таъкид намуда, ба саммити ҷашнии 20-солагии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дарназардошти таъсири пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои узви Муколама, зарурати рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро таъкид намуд. Доир ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкории муштарак дар ин соҳаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар поёни мулоқот изҳори умед шуд, ки натиҷаҳои нишасти сеюми Муколама ба таҳкими баъдии ин абзор ва расидан ба ҳадафҳои дарпешистода пурсамар хоҳад буд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news