-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид

Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд.

Зикр карда шуд, ки рушди иқтисодӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз ва гардиши савдо 13 фоиз таъмин карда шуд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 15 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Вале ба гуфтаи Пешвои миллат, дар кишвар захираву имконият барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёданд.

«Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки соли 2022 барои самаранок истифода намудани имконияту иқтидорҳои мавҷуда, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешад»,- изҳори назар намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news