-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Дар Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор шуд

16 декабр дар Маркази Конгресси Селчуқлуи шаҳри Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Форум бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия бо ибтикори Палатаи савдои Қуния дар ҳамкорӣ  бо Палатаи саноати Қуния, Биржаи молии Қуния ва Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон ДЕИК доир шуд, ки дар он Вазири саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Форуми мазкур чунин ибрози назар намуд: «Мо имрӯз дар ин чорабинии бошукӯҳ барои беҳтар намудани сатҳи алоқамандии иқтисодию гардиши савдо байни давлатҳоямон ҳузур дорем. Мулоқот ва суҳбат бо ҷомеаи бизнеси Туркия- ин омилҳои асосии ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пеш аз ҳама, ба фароҳам гардидани фазои сармоягузорӣ, қонунгузории мувофиқ, қувваи кории арзон, захираҳои бойи табиӣ ва бисёр омилҳои дигар дар Тоҷикистон алоқаманд мебошад».

Шералӣ Кабир диққати ҳозирин ва сармоягузорони туркро ба бахшҳои энергетика, нақлиёт ва алоқа, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, коркард, туризм ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Дар фарҷоми Форум Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби вазирон Шералӣ Кабир ва Мустафо Варанк ба имзо расонида шуд. Инчунин байни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов-роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк- раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар давраи дуюми Форуми мазкур миёни  соҳибкорони ҳарду кишвар гуфтушуниди дуҷониба дар формати B2B-  соҳибкор бо соҳибкор баргузор гардид. Дар маҷмӯъ даҳҳо ширкатҳо ва фирмаҳои тоҷик имконияти ҳавасманд ва  ҷалб намудани соҳибкорон ва сармоягузорони туркро ба бозори Тоҷикистон пайдо намуданд. Инчунин Ёддошти ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Маркази конструктории лоиҳакашии технологияхои нави саноатӣ” дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Lik Yapı — маблағи сармоягузорӣ 2 миллион доллар”, “Perform Mekanik – маблағи сармоягузорӣ 25 миллион доллар” ба имзо расонида шуд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Мурод Саидзода, намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (World Bank Group), соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаҳои саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо, саноати химия ва мудофиа, пилла, саноати бофандагй ва сабук, саноати масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ ва ғайра иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия, Раиси шаҳри Қуния  Угур  Ибраҳим Алтай, волии шаҳри Қуния Ваҳдеттин Озкан, Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак, раиси Шӯрои соҳибкорони Туркия — Тоҷикистон Ҷиҳангир Фикри Саатчиоглу, намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия, раисон ва намояндагон аз палатаҳои  савдо,  Палатаи саноат, Биржаи молӣ, шаҳрдорӣ, роҳбарони партияҳо, намояндагон аз фирмаю ширкатҳои соҳаҳои гуногунҷанба, соҳибкорони турк, устодони донишгоҳҳои Қуния ва намояндагон аз матбуоти Туркия ширкат  варзиданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»\ Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news