-0.7 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Кумитаи 23-юми умумии конфронси иттиҳоди парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуданд

Бо ибтикори Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар шаҳри Истанбул Кумитаи 23-юми умумии Конфронси иттиҳоди парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар мавзӯи «Мубодила, виҷдон ва ислом, Фаластин, муҳоҷират ва Афғонистон» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати вакилони Парлумони Тоҷикистон — муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадалӣ Ватанзода ва узви кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иштирок намуданд.

Зимни конфронс, ки 9-10 декабр баргузор гардид, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия  Мустафо Шентоп, Котиби кулли ин созмон, Президенти Ҷумҳурии Туркия Редҷеп Эрдоган ва намояндагони кишварҳои аъзои ин созмон вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва махсусан вазъи муҳоҷиратро дар раванди пандемияи фарогир баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни ин конфронс масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ гардида, ҳайати комиссияҳи созмон аз нав интихоб карда шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ҳамчун узви комиссияи иқтисодии ин кумита интихоб карда шуд.

Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа, барномаҳои кории ин созмон барои солҳои 2022 ва 2023 баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд.

Дар охири кори конфронс аз ҷониби ҳамаи аъзои Созмон Изҳорот оид ба беҳтар намудани вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва пешгириву мусоидат ба ҳолати иҷтимоии муҳоҷирони мусулмон қабул карда шуд.

Ҳамчунин зимни ин сафар бо ҳайатҳои парлумонии дигар кишварҳои аъзои созмон вохӯрию суҳбатҳо доир гардида, дар бораи Тоҷикистон ва Парлумони мамлакат, инчунин вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафари мазкур ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарлумонӣ бо дигар кишварҳои аъзои созмон шароити мусоид фароҳам овард.

АКС: МН МО ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news