-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Маркази миллии тестӣ дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ доир намуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  давоми моҳҳои октябр-декабри соли равон дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишии тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми ИМД-ро миёни хатмкунандагон синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор намуд,  иттилоъ доданд аз  хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати 13122 нафар хатмкунандагон пешниҳод гардид. Рӯйхатҳо тибқи интихоби хатмкунандагон ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ҷудо карда шуданд, ки дар умум 999 синфхонаҳои имтиҳониро ташкил медод.

Дар имтиҳонҳои озмоишӣ аз 530 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон ҷалб карда шуданд. Баъд аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ варақаҳои ҷавобҳои хатмкунандагон санҷида шуда, натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур тавассути раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шуданд.

Хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои озмоишӣ иштирок накарданд ё муассисаҳои таълимии онҳо ба имтиҳонҳои озмоишӣ ҷалб карда нашуданд, бояд рӯҳафтода нашаванд. Онҳо метавонанд аз сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) истифода бурда, барои мустаҳкам намудани дониши худ аз  хизматрасонии «Худро бисанҷ»  истифода баранд.

Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо истифода аз барномаи хизматрасонии «Худро бисанҷ» имтиҳонҳои озмоишӣ роҳандозӣ менамояд ва хатмкунандагон метавонанд тариқи компютер дониши худро санҷанд.

Мақсад аз гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарк кардан ва пайдо намудани масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан ба навъи саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ мебошад.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news