-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Маъмурияти дипломатии Сафири Япония дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Имрӯз, 15 декабр, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро бино ба анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Японияро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Такаюкӣ Мияшита барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф дар маъмурияти баъдии дипломатиаш комёбиҳо орзу намуд.

Ёдовар мешавем, ки Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита 20 ноябри соли 2019 дар Қасри миллат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супорида буд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news