-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

21 нафар волидони иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби нишони «Маърифатпарвар» шуданд

21 нафар волидони иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби нишони «Маърифатпарвар», 40 нафар иштирокчии фаъол соҳиби 5000 ва 10 нафар соҳиби 2000 сомонӣ гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маросими тақдими мукофотҳои мазкур имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сурат гирифт.

Дар маросими мазкур  инчунин як гурӯҳ кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён зимни тақдими туҳфаҳо иброз намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст. Раванди баргузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳо далели он аст, ки мардуми мо ба суннати ниёгони худ арҷ гузошта, барои муаррифии ҳунару истеъдод, маҳорату малака ва донишҳои худ  аз фанҳои табиию риёзӣ ва китобхонию суханварӣ ҷаҳду талош менамояд.

Озмуни имсола низ чеҳраҳои нави суханвару соҳибистеъдод, донишманду китобхонро муаррифӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, соати 15:00, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news