16.9 C
Tajikistan
Tuesday, June 28, 2022

Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Мониторинг ва арзёбӣ» доир гардид

 Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон 10 декабр ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Мониторинг ва арзёбӣ»-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Зикр карда шуд, ки иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷараёни иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020 муҳокима намуданд. Суръати баланди рушди иқтисодиёт дар муқоиса бо дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, афзоиши умумии сатҳи зиндагонии аҳолӣ, инчунин дигаргуниҳои мусбати сохторӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт зикр  карда шуд. Бо вуҷуди ин, паҳншавии COVID-19 барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишуда таъсири назаррас расонд аз ин рӯ, ҳангоми татбиқи БМР барои солҳои 2016-2020 натиҷаҳои пешбинишуда танҳо дар доираи 50% нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба даст оварда шуданд ва инчунин сабақҳои омӯхташуда, тавсияҳо ва таҳлилҳо дар раванди таҳияи лоиҳаи БМР барои солҳои 2021-2025 ба инобат гирифта шудаанд.

Дафтари JICA нақшаи барномаи омӯзиширо, ки ба баланд бардоштани иқтидори хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи таҳияи сиёсат ва лоиҳаҳо, арзёбӣ ва идоракунии давраи ҳаётии лоиҳаҳо нигаронида шудааст, муаррифӣ намуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Тибқи барномаи омӯзишӣ, баланд бардоштани иқтидори ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ дар назар аст, ки минбаъд онҳо ба ҳайси мураббӣ оид ба масъалаҳои арзёбӣ фаъолият хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.

Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ  ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавию маҳаллӣ ва ҲРУ котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалияти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Latest news

ТАВАҶҶУҲ! Дар Тоҷикистон ҳавои боронии 17-21 июн метавонад хатари омадани селро зиёд кунад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 17 то 21 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ,  ба истиснои...

Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид

 Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшанд. Дар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳо, ки дирӯз,17 июн дар Ереван баргузор гардид, изҳор шуд карда шуд. Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок дошт. Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор...

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Фестивали 10-уми байналмиллалии фарҳангӣ дар шаҳри Боку муаррифӣ шуд

17 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку дар Фестивали 10-уми байналмилалӣ оид ба рӯнамоии таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар...

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшад

Масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо...

Related news