2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

АҲСАН! Миҷгона Самадова ғолиби Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс шуд

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт» сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал 7 декабр бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар чорякфинал 8 декабр бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал 9 декабр бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал 11 декабр бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.

Дар мусобиқа 6 варзишгари дигарамон – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news