17.2 C
Tajikistan
Monday, June 27, 2022

Табибони Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи таҷриба менамоянд

 Омӯзонидани мутахассисони тоҷик аз рӯи ихтисосҳои ҷарроҳии эндоскопӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ бо таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои вирусология, микробиологӣ ва эпидемиология  ба тариқи давраҳои омӯзишӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Туркия, инчунин табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи дорусозӣ зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таассуроти худро аз иштирок дар Конференсияи рақамӣ ва Намоишгоҳи АвруОсиё-21, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, иброз дошта, барои даъват ва пазироӣ ба ҷониби кишвари Туркия изҳори миннатдорӣ намуд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Туркия дар доираи созишномаи соҳавӣ аз соли 1996 оғоз гардида, имрӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Зикр шуд, ки аз ҷониби кишвари Туркия дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва васеъ намудани имконияти дастгирӣ, баимзорасонии созишномаи нави байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои  тандурустии ҷамъиятӣ ва пандемияи COVID-19 пешниҳод карда шудаанд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии онҳо ҳавасмандии хешро иброз менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

ТАВАҶҶУҲ! Дар Тоҷикистон ҳавои боронии 17-21 июн метавонад хатари омадани селро зиёд кунад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 17 то 21 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ,  ба истиснои...

Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид

 Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшанд. Дар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳо, ки дирӯз,17 июн дар Ереван баргузор гардид, изҳор шуд карда шуд. Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок дошт. Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор...

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Фестивали 10-уми байналмиллалии фарҳангӣ дар шаҳри Боку муаррифӣ шуд

17 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку дар Фестивали 10-уми байналмилалӣ оид ба рӯнамоии таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар...

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшад

Масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо...

Related news