3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Дар Душанбе амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд

8 декабр дар шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлили ҳолатҳои критикӣ ва пешгирии фавти модар ва бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар доираи амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷаласаи корӣ доир гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи солимии модар ва кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Зикр шуд, ки давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, алалхусус дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон якчанд дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ таҳия ва қабул гардида, бо дастур ва ташаббуси бевоситаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ, Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Дӯстӣ, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ, таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе сохтаю бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуданд, ки дастрасӣ ва сифати табобати модарону кӯдаконро беҳтар гардонид.

Инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон марказҳои перинаталӣ ва дар ноҳияи Восеъ Беморхонаи марказии ноҳиявӣ сохтаю  бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар идомаи ҷаласа, ки роҳбарони якчанд муассиса ва раёсатҳо, шарикони рушд, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавии муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе,  раёсатҳои тандурустии вилоятҳо иштирок доштанд, вобаста ба самтҳои гуногуни масъала суҳбат намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news