10.8 C
Tajikistan
Friday, September 30, 2022

Тоҷикистон якумин Тафсири сиёсати савдои худро дар назди Созмони ҷаҳонии савдо муаррифӣ намуд

6-8 декабр  ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки ҳайати расмии кишвар зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, З. Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд.

Ҳамзамон З. Завқизода баён дошт, ки баъди узвият дар СҶС дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфи назар аз таъсири пайомадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.

Роҳбари ҳайати расмии мамлакат вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодии кишвар давоми қариб 9 соли узвият дар СҶС маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба зиёда аз 156 саволҳо ва изҳороти кишварҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Канада, Ҳиндустон, Исландия, Сингапур, Аргентина, Украина, Доминикан, Туркия ва Қазоқистон посух дод.

Раисикунандаи ҷаласаҳо Сафири Ботсвана дар назди СҶС ва муҳокимакунандаи (дискаснт) якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаҳо Сафири Корея Таеҳо Ли дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СҶС дар ташаббусҳои глобалии савдо фаъолона иштирок карда, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.

Намояндагони кишварҳои аъзо, аз қабили Федератсияи Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Сингапур, Аргентина, Канада, Казоқистон, Исландия, Украина ва Доминикан дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 30 соли истиқлолият, бахусус давоми қариб 9 соли узвият дар СҶС натиҷабахш арзёбӣ намуда, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистонро дар назди СҶС тавсиф карданд.

Дар охир кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи савдо ва иштирок дар низоми байналмилалии савдо мувафаққият ва барор орзу намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news