-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷанбаҳои калидии шарикиро дар соҳаҳои сиёсӣ ва амниятӣ баррасӣ карданд

8 декабр дар шаҳри Тошканд мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба ВКХ Тоҷикистон.

«Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкории минтақавӣ табодули назари судманд доштанд», -иброз намуданд дар ВКХ ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва мавзӯъҳои байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 декабр дар Конфронси дуюми вазирони «Италия – Осиёи Марказӣ» дар қолаби С5+1 дар Тошканд иштирок намуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news