-4.2 C
Tajikistan
Sunday, October 1, 2023

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо машварати омӯзишӣ оғоз ёфт

7 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо» бо иштироки мудири бахши таҳкими пешгирикунандаи шуъбаи тармими фондҳои китобхонаҳои Саридораи таъмини ҳифзи фондҳои китобхонаҳои давлатии Русия Алексей Кашеев, ки аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон даъват шудааст, машварати омӯзишӣ (амалӣ ва назариявӣ) оғоз гардид.

Дар кори машварат намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи таърихии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб ва дигар осорхонаҳои кишвар иштирок доранд.

Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ ба иштирокдорон корҳои ҳифзи ҳуҷҷатҳо, мафҳумҳои умумӣ, шароити нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, ҳашароти зараррасони биологӣ, нуқси биологии ашё ва чораҳои пешгирӣ кардани онҳо, ба эътидол овардани ҳуҷҷатҳо, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, ташхиси махзани нигоҳдории китобҳо, инчунин тадбирҳои бехатарӣ дар раванди кори он омӯзонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки мероси хаттии тоҷикон (дар рӯи коғаз) ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи миллати тоҷик нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Он дар баробари муаррифи бузурги таъриху фарҳанги миллати тоҷик будан, инчунин инъикосгари забон, хат ва ҳунарҳои волои китобдорӣ, хушнависӣ, коғазсозӣ, рангсозӣ, муқовасозии тоҷикон ва ниёгони тоҷикон мебошад, ки то замони мо намунаҳои гуногуни мероси хаттӣ боқӣ мондаанд.

Имрӯзҳо дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои махсуси кишвар, махсусан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тармиму таҳким, таҳқиқу омӯзиш ва муаррифии мероси хаттӣ ва оммавигардонии он ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар доираи машварати омӯзишӣ Алексей Кашеев  ҳамроҳ бо иштирокчиён аз шуъбаи тармим ва таҳкими Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, суҳбати касбӣ менамояд ва дар озмоишгоҳи муассиса ба мутахассисони соҳа раванди кор бо ҳуҷҷатҳоро нишон медиҳад.

Машварати омӯзишии мазкур  то 10 декабр идома меёбад.

АКСҲО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Latest news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...

Related news