-5.9 C
Tajikistan
Wednesday, March 26, 2025

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷикро гарм истиқбол гирифтанд

Шоми дирӯз паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик аз Чемпионати Осиё-Уқёнус, ки  дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор гардид, бо  ба даст овардани 8 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд. 

Дар охирин рӯзи мусобиқа дар вазни то 81 кг ду паҳлавони тоҷик ба рақобати ниҳоӣ баромада, дар ниҳоят  Шодмон Ризоев парчами моро дар садри парчамҳо қарор дод ва Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.

Мавриди зикр аст, ки Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба гӯштини дзюдо  4-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон дар сатҳи баланд сурат гирифт. Дар чемпионати мазкур 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим  миёни писарон 9 варзишгар — Хурсандқул Куганов (-66кг), Абубакр Шеров (-66кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг), Масъуд Аҳмадзод (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90кг), Мансур Раҳмон (-100кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) намояндагӣ карданд, ки дар натиҷа соҳиби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд.

Медали тиллоро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг сазовор гашт. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилов пирӯз шуд.

Шодмон Ризоев соли 2019 дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни ҷавонон дар Тайпейи Чин дар вазни -66кг медали нуқра гирифта буд.

Абубакр Шеров (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73) ва Давлатҷон Назриев (+100кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) сазовори медали нуқра, Суруш Эркаев (-60кг) ва Муҳаммад Юсуфзода (-66кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

                                                                                     АКС  аз манбаъҳои боз

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 18 марти соли 2025 №177ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини вазири...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат...

Related news