-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Нурсултон ҷаласаи сатҳи баланди танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ доир шуд

Дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Нур-Султон ҷаласаи баландпояи танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ ва намояндаҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии асъор /ХБА/, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/, Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Бонки сохтмони Чин (China Construction Bank), Эътилофи ҷаҳонии марказҳои молиявии байналмилалӣ (WAIFC), ваколатдори танзим ва назорати бозорҳои молиявии Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода намояндагӣ намуд, хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи машваратӣ иштирокчиён масъалаҳои марбут ба дурнамои воситаҳои нави маблағгузорӣ ва платформаи инноватсионии сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ, хизматрасонии клирингӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути Маркази байналмилалии молиявии Остона, рушди воситаҳои молиявии сабз ва имконияти воситаҳои молияи исломӣ, рушди иқтидори инсонӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

Муовини Раиси БМТ Мирҳаёт Ёқубзода дар муҳокимаи мавзӯъҳои вазъият ва дурнамои рушди бозорҳои молиявӣ, тавсеаи ҳамкории минтақавии назоратӣ, рушди дастрасӣ ба молия ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузорон дар сатҳи байналмилалӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути кумаки техникӣ ва воситаҳои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ, молияи исломӣ ҳамчун воситаи қиёсии маблағгузорӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намуд.

Барои бунёди низоми солим ва устувории молиявӣ, инчунин зарурати таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни танзимгарони молиявӣ ҷиҳати дастгирии гардиши пардохтпазирии фаромарзӣ ва коҳиш додани арзиши сармоя ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкории ошкоро ва фарох, ки ба манфиати таъмини суботи молиявӣ ва рушди иқтисодии муштарак ҷиҳати тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории танзимкунанда дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, баён доштанд. Иштирокдорони машварат ба мувофиқа расиданд, ки майдончаи Маркази байналмилалии молиявии «Остона»-ро ҳамчун платформаи иқтисодии пайвасткунандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сармоягузорони хориҷӣ истифода намоянд.

 АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news