0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Евразия Daily: Кувайт ба Тоҷикистон дар рушди гидроэнергетика кумак менамояд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хабаргузории Евразия Daily бо истинод ба хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Тоҷикистон ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувайт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он — Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мебошад», — иқтибос овардааст агентӣ суханони Сарвари Тоҷикистонро, ки зимни мулоқот гуфта шуданд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ал-Ғоним ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ, инчунин металлургияи ранга, саноати сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.

Бахшҳои судманди шарикӣ миёни ду давлатро ҷонибҳо мусоидат дар амалисозии барномаҳои инфиродӣ дар самтҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, инчунин истихроҷ ва коркарди маъданҳо номиданд.

Саҳми Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории якчанд лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани 5 лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ал-Ғоним аз баргузории ҳамоиши соҳибкорон дар Тоҷикистон ва Кувайт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ҷонибдорӣ карданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news