6.2 C
Tajikistan
Thursday, June 30, 2022

ДАР АРКТИКА БАР АСАРИ ТАҒЙИЁБИИ ИҚЛИМ ЯК НИМҶАЗИРА ҚАРИБ ПУРРА АЗ БАЙН РАФТ. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан ҳушдор дода буданд

Дар боғи миллии  «Русская Арктика»  нимҷазирае, ки бо димоғаи Месятсев ба охир мерасад,  аз байн рафтааст. Қаблан он дар ҷазираи Ева-Ливи архипелаги замини Франс Йозеф ҷойгир буд, аммо соли 2017 ҷудо шуда, нимҷазираро ташкил дод. Тавре МД «Ҷаҳоннамо» иттилоъ медиҳад,  дар ин бора имрӯз роҳбарияти боғ хабар дод.

Нопадид шудани нимҷазираро тадқиқоти нави дастгоҳҳои бесарнишин тасдиқ кард. Акнун ба мутахассисон лозим меояд, ки ба харитаҳои ноҳия бо назардошти маълумоти нав тағйирот  дароранд.  Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки нимҷазира ҷинси геологӣ набуда, балки пиряхи азим мебошад. Ҳоло, вақте ки он қариб тамоман об шудааст, дар мобайнаш гулӯгоҳи васеъ бо масоҳати 3 километр ба вуҷуд омадааст. Аз он танҳо як пораи пиряхе боқӣ мондааст, ки дар рӯи пастхамӣ қарор дорад.

Тавре қаблан хабар дода будем, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайнии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор нисбат ба ин мушкилот ҳушдор дода буданд.

«Имрӯз мо обшавии босуръати яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида мекунем. Чунин тағйирот дар пиряхҳои заминӣ низ ба вуқӯъ мепайванданд», — гуфтанд Сарвари давлати Тоҷикистон ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим унвон намуданд.

Сарвари Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. «Обшавии калонтарин пиряхи наздисоҳилӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозиаш беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, намунаи барҷастаи ин аст», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70—80 соли охир пиряхи Федченко бештар аз як километр  коҳиш ёфта, масоҳаташ то 44 километри мураббаъ кам гардидааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ба СММ пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва  санаи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо таъйин карда шавад.

      АКС аз бойгонии шахсии муовини директори Боғи миллии  «Русская Арктика», номзади илмҳои биологӣ М.В.Гаврило

Latest news

ТАВАҶҶУҲ! Дар Тоҷикистон ҳавои боронии 17-21 июн метавонад хатари омадани селро зиёд кунад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 17 то 21 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ,  ба истиснои...

Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид

 Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшанд. Дар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳо, ки дирӯз,17 июн дар Ереван баргузор гардид, изҳор шуд карда шуд. Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок дошт. Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор...

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Фестивали 10-уми байналмиллалии фарҳангӣ дар шаҳри Боку муаррифӣ шуд

17 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку дар Фестивали 10-уми байналмилалӣ оид ба рӯнамоии таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар...

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшад

Масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо...

Related news