-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

ЧАНД ЗИНА БОЛОТАР. Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо тағйир ёфт

Мавқеи варзишгарони тоҷик дар раддабандии нави ҷаҳонӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқаи охирини мавсими имсола – «Abu Dhabi Grand Slam 2021» нашр кардааст, тағйир ёфт, хабар доданд аз Федератсияи  дзюдои Тоҷикистон .

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ   оид ба гӯштини  дзюдо  бо номи «Abu Dhabi Grand Slam 2021», ки 26-28  ноябр дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ – шаҳри Абу Забӣ баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило медали нуқра гирифт. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ин мусобиқаи байналмилалӣ ба гӯштингирон имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд.

Темур Раҳимов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни +100 кило як зина боло шуда, бо 3235 имтиёз дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Ин натиҷаи беҳтарин дар байни варзишгарони тоҷик аст.

Комроншоҳ Устопириён дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило чаҳор зина боло шуда, бо 2497 имтиёз ҷойи 13-умро аз они худ кардааст. Ин миёни варзишгарони тоҷик натиҷаи дуюм аст.

Мавқеи Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 2257 имтиёз ҷойи 19-ум мебошад. Ин миёни варзишгарони тоҷик натиҷаи сеюм аст.

Мақоми чаҳорумро миёни варзишгарони  тоҷик Шаҳбоз Саидаброров касб намудааст. Ӯ дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 60 кило бо 890 имтиёз дар ҷойи 46-ум қарор дорад.

Акмал Муродов миёни варзишгарони тоҷик дар ҷойи панҷум аст. Ӯ дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 658 имтиёз дар ҷойи 55-ум мебошад.

Ҷаҳонгир Маҷидов мавқеашро дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило 110 зина беҳтар намуд ва бо 536 имтиёз ҷойи 58-умро ишғол кардааст. Ӯ миёни дзюдочиёни тоҷик дар ҷойи шашум аст.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки ба иллати латхӯрӣ дар бисёр мусобиқот ширкат накард, дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 580 имтиёз ҷойи 60-умро касб намудааст.

Шакармамад Мирмамадов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 258 имтиёз ҷойи 72-юмро ишол мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news