-9.1 C
Tajikistan
Wednesday, December 7, 2022

17 декабр дар Душанбе Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

17 декабр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бора Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» 3 декабр ба тасвиб расид.

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи мазкур баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон»;  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»;  «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»; «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб ва бозхонди судяҳои мақомоти судӣ дар назар дошта шудааст.

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news