-9.1 C
Tajikistan
Wednesday, December 7, 2022

Сироҷиддин Икромӣ бо мудирони «Компас Плюс» ва «МИР» роҳҳои таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуд

Масъалаҳои марбут ба васеъ намудани доираи фаъолияти кортҳои бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар хориҷ аз кишвар дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо Директори  генералӣ — Раиси Раёсати Ҷамъияти Саҳомии Низоми Миллии Кортҳои Пардохтии (НМКП) низоми пардохти «МИР» Владимир Комлев дар Москва баррасӣ гардид.

Аз Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, Роҳбари  Низоми Миллии Кортҳои Пардохтии (НМКП) низоми пардохти «МИР» Владимир Комлев зикр намуд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» яке аз шарикони боэътимод дар минтақа аз нигоҳи рушди ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ба шумор меравад.

Сироҷиин Икромӣ дар доираи сафари кориаш ба Федератсияи  Русия  ҳамзамон бо мудири ширкати таъминкунандаи барнома ва технологияҳои муосири рақамии бонкии ҶДММ «Компас Плюс» хонум Олга Демина мулоқот намуд, ки зимни он  масъалаҳои марбут ба мукаммал намудани барномаҳои ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти бонк дар самти бозоргирӣ баррасӣ шуданд.

Олга Демина афзуд, ки «Компас Плюс» омода аст барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони  «Амонатбонк» курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ доир намояд.

«Амонатбонк» яке аз бонкҳои калонтарин ва низомсоз дар Тоҷикистон буда, тасмим дорад ояндаи наздик тамоми хизматрасониҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар рақамӣ кунонида, дастрасии мизоҷонро ба хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам  тавсеа бахшад.

АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news