3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

«ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ». Дар Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви ИДМ оғоз меёбад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Шукуфаҳои пойтахт» оғоз мешавад. Фестивал дар доираи «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» эълон гардидани шаҳри Душанбе аз 6 то 10 декабр идома меёбад. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намояд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, баргузории фестивали мазкур баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди кишварҳои узви ИДМ шароит фароҳам меорад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас мебошад.

Ба тамоми мақомоти пойтахт супориш дода шудааст, ки омодагии дуруст ба ин фестивали байналмилалиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози асосии чорабинӣ  таъйин гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар пойтахти кишвар Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» баргузор гардида буд.

Акс аз манбаъҳои боз

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news