-18 C
Tajikistan
Sunday, January 23, 2022

Нигораҳои аз Фархор ёфтшуда аз таърихи куҳан доштани сарзамини Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд

Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нигораҳое дарёфт шудаанд, ки аз таърихи куҳан доштани кишвари мо шаҳодат медиҳанд. Бостоншиносон бошишгоҳҳои қадимии одамонро дар соҳилҳои дарёҳои Нилу Панҷ ва Ёхсуву Сурхоб дарёфт карда, ба хулосае омаданд, ки Тоҷикистон таърихи хеле қадимӣ дошта, имрӯз зарурати омӯзиши таъриху фарҳанги он ба миён омадааст.

Бозёфтҳои таърихӣ дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон диққати  бостоншиносони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардаанд. Ба ин хотир тариқи ташкили экспедитсияҳои гуногун дар мамлакати мо ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида мешаванд. Баъди корҳои ҳарфиётӣ дар ноҳияи Ховалинг бостоншиносон дар ноҳияи Фархор низ нигораҳои нодир пайдо намуданд. Бостоншиносони Тоҷикистон, Русия ва Италия ин ҷасадҳоро аз  қабристони Чилтанбобои шаҳраки Фархор пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 3 ва 4-и пеш аз мелод рост меоянд.

Аз ин макон ҳамчунин аз болои сари яке аз ҷасадҳо як каҷак ҳам пайдо шудааст.  Ҳоло дақиқ накардаанд, ки ин гӯшвора аст ё чизи дигар.

Тавре мудири Осорхонаи Фархор Азизулло Муродов иттилоъ дод, ковишҳои таърихӣ дар Уртабузи ноҳияи Фархор аз соли 2013 шурӯъ шудаанд.  Дар нуҳ сол даҳҳо нигора ва ҷасадҳои одамон пайдо гардиданд. Бостоншиносон мегӯянд, ки ин бозёфтҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар қадим дар ин ҷо одамҳо зиндагӣ мекардаанд. Бори аввал нест, ки дар пайи ковишҳои таърихӣ аз мавзеи Уртабуз ва қабристони Чилтанбобои  Фархор ҷасадҳо пайдо мешаванд.  Соли 2016  дар пайи ковишҳо ду ҷасадеро пайдо карда буданд, ки ба асри 12-11-и пеш аз мелод рост меомад.  Инчунин дар ҳар ковиш аз паҳлуи ҷасадҳои пайдошуда сангҳо, муҳраҳо ва бархе олоти мисин ёфт шудаанд.

Дар пайи ковиши охир ҳам панҷ ҷасадро дарёфт карданд, ки наздашон муҳра ва кӯзаҳои кулолӣ будаанд.   Ковишҳои охирро бостоншиносон Наталия Виноградова аз Санкт-Петербург ва Ҷавана Ламбардаи италиягӣ аввалҳои моҳи ноябр ба анҷом расонида буданд.

Дар ноҳияи Фархор 52 макони таърихӣ сабт шудаанд. Калонтарини макони таърихӣ қалъаи «Золи Зар» аст, ки 70 гектарро ташкил медиҳад. Аммо то кунун дар ин минтақа ковишҳои таърихӣ гузаронида нашудаанд.

Latest news

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд

Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид....

Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони...

Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022...

ИМРӮЗ БА ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН 30 СОЛ ПУР ШУД. Гумрукчиёни тоҷик соли 2021 ба буҷети давлатӣ қариб 7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид...

Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8...

Related news