-3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

«Амонатбонк» ва «СберБанк» бо имзои созишнома ба ҳамкории байнибонкӣ тавсеа мебахшанд

Дар доираи сафари гурӯҳи кории ҳайати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки аз 29 ноябр то 2 декабр сурат гирифт, миёни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҷамъияти саҳомии оммавии /ҶСО/ «СберБанк»-и Русия  Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкурро Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва муовини Раиси Раёсати ҶСО «СберБанк»-и Русия  Анатолий  Попов дар шаҳри Москва ба имзо расониданд, иттилоъ доданд аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Дар асоси Созишномаи мазкур «Амонатбонк» ва «СберБанк» ҳамкориро дар соҳаи муносибатҳои муросилотӣ, яъне кушодани суратҳисобҳо, табодули иттилоот, густариши ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорат ва маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ оид ба гузаронидани амалиёт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, амалиёти банкнотӣ, муомилоти дуҷониба дар бозорҳои байнибонкӣ, истифодаи низоми тиҷорати электронии  SberCIB Terminal, хизматрасонии интиқоли фаромарзии P2P «Интиқоли зуди маблағҳо аз Тоҷикистон ба Русия   ва баръакс, рақамикунонӣ, хизматрасониҳои киберамниятӣ, такмили ихтисоси  кормандони «Амонатбонк» тавассути Донишгоҳи корпоративии «Сбербанк» ба роҳ мемонанд. Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи «Амонатбонк» ва «Сбербанк»-и Русия гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода, бевосита дар самти амалӣ намудани ҳадафҳое, ки дар Созишнома дарҷ гардидаанд, корбарӣ намоянд.

Дар доираи ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ ҳамзамон раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ бо муовини раиси «Сбербанк»-и Русия Анатолий Попов мулоқот намуда, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ, рушд додани ҳамкориро дар самтҳои мухталифи афзалиятноки молиявию ҳисоббаробаркунӣ баррасӣ намуданд. Мусоҳибон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ, тарҳрезӣ ва амалисозии маҳсулоти бонкӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи лоиҳаи «Миллион муҳоҷир» бо иштироки «Сбербанк»-и Русия  ва баҳрагирӣ аз хизматрасониҳои экосистемаи «Сбербанк»-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот «Амонатбонк» пешниҳод намуд, ки омода аст бо  «СберБанк»-и  Русия дар самти ҷудо намудани қарз ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкории муштарак ба роҳ монад. Ин пешниҳод аз ҷониби «СберБанк»-и Русия бо хушнудӣ пазируфта шуда, зикр гардид, ки баъд аз омӯзиш дар ин самт корбарӣ хоҳанд кард.

АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амоантбонк»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news