-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти 28-уми Шӯрои вазирони САҲА иштирок намуд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 2 декабр  дар кори ҷаласаи 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки таҳти раёсати Шветсия дар шаҳри Стокҳолм оғоз шудааст, ширкат ва суханронӣ намуд.

«Сироҷиддин Муҳриддин дар баробари авлавияти Тоҷикистон дар се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ, инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, вазъ дар Афғонистон ва тағйирёбии иқлим изҳори ақида кард»,- иттилоъ доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Ҷониби Тоҷикистон аз кӯшишҳои барои таҳкими сохтории САҲА равонашуда истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади пешбурди сулҳ, шукуфоӣ ва рушд дар кулли минтақаи Созмон иброз дошт.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирон мақоми марказии тасмимгирӣ ва идоракунии САҲА ба ҳисоб рафта, солона ба вазирони корҳои хориҷии 57 кишвари ширкаткунандаи САҲА имкон медиҳад, то фаъолияти созмонро баррасӣ ва арзёбӣ намуда, муколамаро дар масъалаҳои амниятии минтақаи САҲА тақвият диҳанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news