-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Маҷористон ва Латвия мулоқот кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Стокҳолм  бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто ва  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Эдгар Ринкевич мулоқот кард.

Зимни вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин  бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто мавзӯъҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф, варзиш, тандурустӣ, дастгирии иқдомҳои ду кишвар дар абзорҳои байналмилалию минтақавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Латвия  Сироҷиддин Муҳриддин ва Эдгар Ринкевич доир ба раванди равобити дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо, ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news