-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

«Somon Air» ва «Hans Biotech» оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Дар доираи иқдомҳои рушди сайёҳӣ миёни ширкати ҳавопаймоии «Somon Air»  ва ширкати  «Hans Biotech»-и Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо ҷиҳати сафари мувофиқ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея ва шаҳрвандони Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Тавре аз ширктаи ҳавопаймоии «Сомон Эйр» итилоъ доданд, санади мазкурро аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» директори генералӣ Суҳроб Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Hans Biotech» муассиси он Бекхи Хан ба имзо расониданд.

Тибқи шартҳои Ёддошти ҳусни тафоҳум ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ба таври мунтазам ва ҳамчунин дар заминаи дархостҳои алоҳида роҳандозӣ менамояд. Ширкати «Hans Biotech» уҳдадор аст парвозҳоро бо хатсайри Тошканд-Сеул-Тошканд тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерии ширкати ҳавопаймоии “Asiana Airlines” ташкил намояд.

Интизор меравад, ки иҷрои парвозҳо дар масири пайвастшаванда баҳори соли 2022 шурӯъ шавад.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Суҳроб Ҷӯраев зикр намуд, ки  «ба шарофати тасмимҳои ҳукуматҳои ҳарду давлат муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея тақвият меёбанд. Мо аз имзои ин санад хушнудем, зеро он имкони густариши равобити дуҷонибаро тавассути хатсайрҳои васлшаванда фароҳам меорад. Инчунин дар заминаи созишномаҳои код-шерӣ ва интерлайнӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  имкон дорад шабакаи парвозҳои худро тавсеа дода, мусофирони бештареро фаро гирад».

 Аксҳо аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news