-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Дар Маҷлиси намояндагон робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаластин баррасӣ шуданд

Имрӯз Роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мулоқот намуд, ки зимни он вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Фаластин ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Давлати Фаластин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки МН МО ҶТ бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи октябри соли 2020 бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.

«Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Давлати Фаластин ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад»,-афзуд Зоир Раҳмонзода.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Ғайрат Азиззода, Ғиёсиддин Ашурзода ва муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Талабшоҳ Шарифзода иштирок намуданд.

АКС: МН МО ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news