5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Дар Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ дар давраи солҳои 2021-2022 доир шуд

То оғози моҳи декабри соли равон дар вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз бемории хатарзои коронавирус 5 намуд ваксинаҳо ба миқдори 1 миллиону 828 ҳазору 427 воя дастрас гардиданд. Масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки хуруҷи он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бояд дар мадди назари масъулин қарор гирад, зеро ягона роҳи эмин нигоҳ доштани солимии ҷомеа, ба иттилои мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, эмгузаронии аҳолӣ дониста мешавад. Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров 1 декабр зимни баргузории  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 ва ҳолати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар баён намуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар  доданд.

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ таҳти раёсати муовини Cарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагии вазорату идораҳои соҳавӣ, аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Зикр шуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» қарорҳои дахлдор ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ гардид.

Дар ҷараёни кори ситод муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода иброз намуд, ки вобаста ба омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба ҳолати 25 ноябри соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳаи маориф 9 миллиону 142 ҳазор сомонӣ ё худ 94 фоиз ва ба соҳаи тандурустӣ 1166,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 104 фоиз барои хариди ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҷониби кормандони соҳа дар ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурдиҳӣ гузаронида шудаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни кори ситод оид ба зимистонгузаронӣ зикр дошт, ки баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Инчунин ба дикқати дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар самти вусъат бахшидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо, истифодаи оқилонаву самараноки замин, захираи молу маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ ва масоили дигари ҳалталаб расонида шуда, роҳбарону масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмии дастурҳои пешниҳодшуда муваззаф гардиданд.

АКСҲО: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news