5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Бозии дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Истиқлол» мусовӣ анҷом ёфт

Дирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии мавқуфгузоштаи  даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни  дастаҳои  футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  хеле ҷолиб доир гардида, бо ҳисоби  мусовии 0:0 анҷом ёфт.

Пеш аз даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни  дастаҳои Лигаи олӣ ҳанӯз номаълум аст, ки мақоми сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқаро кадом даста соҳиб мешавад. Барои ба даст овардани мақоми сеюм ва ҳаққи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан  ва КМВА-и шаҳри  Душанбе имконият доранд.  Инчунин як дастаи дигаре, ки ҳамроҳ бо «Душанбе» Лигаи олиро тарк менамояд, номаълум аст. Хавфи аз Лигаи олӣ берун шудан ба дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Душанбе, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳдид менамояд ва яке аз ин чаҳор даста баъди даври охирин Лигаи олиро тарк карда, ба Лигаи якум мегузарад.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври охирини чемпионати  сиюми ҷашнии Тоҷикистон 5  декабр баргузор хоҳанд шуд.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Нишонзанҳо: Манучехр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 11 голӣ.

Дар даври 27-ум вомехӯранд:

5 декабр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

                                                                                                    АКС: ФФТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news