-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

БОМКА ба муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори замонавии мақомоти гумруки Тоҷикистон мусоидат менамояд

Масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ /БОМКА-10/ дар мулоқоти муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Хуршед Шерализода бо намояндагони БОМКА-10  дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мусоҳибон масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо БОМКА-10-ро дар  бахшҳои модернизатсиякунонии мақомоти гумрук, таҷҳизонидани хадамоти гумрук бо техникаи муосир, бехатарии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳад дар давраи пандемияи COVID-19 ва ҳамоҳанг намудани нақшаи кории барномаи (БОМКА-10) барои соли 2022  баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин гуфтугӯи судманд доир ба масоили амнияту суботи минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар масоили мубрам сурат гирифт.

Барномаи БОМКА соли 2003 таъсис ёфта, марҳилаҳои он ба баланд бардоштани иқтидор ва рушди институтсионалӣ, рушди долонҳои тиҷоратӣ, такмили низоми идоракунии сарҳад ва пешгирии интиқоли қочоқи маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд. Ҳар марҳилаи минбаъда бо назардошти зарурати таҳияи марҳилаҳои қаблӣ омода гардида, дар марҳилаҳои қаблии Барнома таваҷҷуҳ ба муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори замонавии идоракунии сарҳад нигаронида шудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news