5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Федератсия байналмилалии дзюдо тақвими силсиламусобиқотро барои соли 2022 нашр намуд

Федератсияи байналмилалии дзюдо  дар саҳифаи расмиаш тақвими силсиламусобиқотро барои соли 2022 нашр  намуд. Дар соли 2022  2 мусобиқаи  Гран – при, 11 мусобиқаи Гранд – слам, 1 Чемпионати ҷаҳон ва  1 Мастерс (мусобиқаи беҳтаринҳои сол), дар умум 15 мусобиқаи бузург баргузор мешаванд. Ин имконияти калонест баҳри  ҷамъ кардани имтиёзҳои зарурӣ барои варзишгарони  тоҷик ҷиҳати роҳ ёфтан ба Олимпиадаи Париж-2024, гуфт корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Хотиррасон мекунем, ки паҳлавонони шинохтаи  тоҷик   дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд.  Мусобиқаи мазкур 26-28 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт. Аз ҷумҳурии мо 10 нафар ба Абузабӣ сафарбар гардида буданд.

Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор шуд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

Аввали моҳи    ноябр  паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news