-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

 Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ҷамъбастии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша се барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ва Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба ҷараёни иҷрои барномаҳои мазкур намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳлил ва арзёбӣ намудани татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ ҳамасола фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ» ва нақшаи кории он ба тасвиб мерасад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ дар соли 2021 10 ҷаласа баргузор гардида, ҷараёни иҷрои 27 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд ва аз натиҷаи 22-тои он гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news