10.8 C
Tajikistan
Friday, September 30, 2022

Дар Хатлон Конфронси 8-уми ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид

30 ноябр дар вилояти Хатлон Конфронси  8-уми ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид, ки дар он дар мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, логистика ва иқтисоди рақамӣ», «Минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия: ҷавонон ва ҷанбаҳои таълимии ҳамкорӣ», ва «Рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия: роҳҳои ҳалли шаҳрӣ» суҳбатҳои «мизи гирд» доир шуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Пеш аз оғози кори конфронс дар майдони Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили  либосҳои миллӣ, ашёи дастсохти ошхона, бозичаҳои аз гил сохташуда, асбоби мусиқӣ ва маҳсулоти нонҳои суннатӣ доир гардид.

Дар кори конфронс намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ду кишвар, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар назди иштирокдорони ҳамоиш зикр дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дӯстона буда, конфронси имрӯза минбари хуби муколама мебошад.

Яке аз мавзӯъҳои мавриди суҳбат -ин таъсиси низоми «Шаҳри ҳушманд» буд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» роҳандозӣ гардид, ки ба беҳбуди шароити зиндагии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Бо ёрии он шумо метавонед якчанд вазифаҳои марбут ба экология, тиб, бехатарӣ, нақлиёт ва маорифро иҷро кунед. Он инчунин метавонад барои такмил додани инфраструктураи шаҳрҳо, таъмини амнияти шаҳрвандӣ ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо, боғҳо ва майдонҳо истифода шавад.

Намояндагони ҷониби Русия ба бунёди лоиҳаи мазкур таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, омодагии худро барои дастгирии татбиқи «Шаҳри ҳушманд» иброз доштанд.

Иштирокчиёни конфронс дар бораи рушди гардиши савдои ду кишвар, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни шаҳру вилоятҳои Русияву Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти таҷдиди иқтисод ва таҳкими иқтидори инноватсионӣ ва ғайра маърӯзаву суҳбат намуданд.

Дар конфронс гуфта шуд, ки соли оянда дар панҷ мактаби русӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ сохта мешаванд, 6 ҳазор кӯдаки тоҷик метавонанд таҳсил намоянд.

АКСҲ: Аз шуъбаи итттилоотию таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news