0 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Дар Хадамоти гумрук масоили истифода аз низоми гузаргоҳҳои дудолонаи гумрукии марзӣ ва Кодекси андоз баррасӣ шуд

Масъалаҳои истифода аз низоми дудолона дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2021 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ  доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат иштирок намуданд. Муовини аввали  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки зимни фаъолияти пурсамар новобаста аз вазъи пандемия давоми соли равон мақомоти гумрук  ба он ноил гардиданд, сухан намуд.

Зикр шуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Корея мавқеи хосса дошта, ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷониба бо ин кишвари осиёӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони ҷаҳонии савдо /СҶС/ ва Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ тақвият меёбад. Дар доираи тақвияти ҳамкории байни ду давлат дар шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 2021 «Системаи идораи таваккал» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд. Лоиҳаи мазкур дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея амалӣ карда шуда, дар он роҳбарият ва дигар масъулини Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Корея иштирок намуданд. Татбиқи лоиҳаи низоми идораи таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои СҶС вобаста ба расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд амалӣ гардид.

 Таъкид гардид, ки ифтитоҳи расмии «Системаи идораи таваккал» шароити мусоидро дар самти суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ҳисоби дуруст ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ фароҳам оварда, боиси афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Системаи идораи таваккал» давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони мақомоти гумруки Тоҷикистон, аз ҷумла дар Корея ва Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳандозӣ гардида буд. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар самти мубодилаи электронии маълумот тавассути баимзорасонии созишнома ба роҳ монанд. Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро дар самти мукаммалгардонии Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо назардошти ба истифода додани системаи идоракунии таваккал ҳамчун асоси густариши ҳамкории дуҷониба баён доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ гуфта шуд, ки барои  ободу зебо гардонидани иншооту биноҳои маъмурии мақомоти гумрук корҳои ободонию бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот иҷрои чорабиниҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, атроф ва саҳни бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук таъмиру мумфарш гардида, намои бинои дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ» бо тарҳи замонавӣ навсозӣ гардид.

Инчунин намои бино ва атрофи бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон бо тарҳи замонавӣ таҷдид  гардида, сохтмони бинои дуошёнаи Гумруки «Мурғоб»-и ноҳияи Мурғоб анҷом ёфта, ба истифода дода шуд. Утоқҳои кории бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар ҳудуди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин радиф намои бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Айни замон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ корҳои омӯзишӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони 5 дидбонгоҳи гумрукӣ дар марз бо Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла дидбонгоҳҳои гумрукии «Зафаробод» дар ноҳияи Зафаробод, «Навбунёд» дар ноҳияи Ашт, «Ҳаштяк» дар ноҳияи Спитамен, «Равот» дар шаҳри Конибодом ва «Уротеппа» дар шаҳри Истаравшан, ки тавассути онҳо рафтуомади шаҳрвандон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ин гузаргоҳҳо бештар аст, амалӣ гардида истодаанд.

Зикр шуд, ки сохтмони дидбонгоҳи гумрукии «Ӯротеппа»-и ноҳияи Истаравшан ва дидбонгоҳи гумрукии «Навбунёд»-и ноҳияи Ашти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пурра ба анҷом расида, бо тамоми таҷҳизоти назоратӣ таъмин гардида, иншооти мазкур аз ҷониби Комиссияи қабули давлатӣ барои истифода қабул гардидаанд. Таъъкид шуд, ки тамоми корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дастовардҳои зикргардида ва чорабиниҳои нақшавӣ дар самти фаъолияти мақомоти гумрук ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат рӯи кор омада истодаанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ  инчунин сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Ҷамшед Қодирзода ва намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба «Истифода аз низоми дудолона дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав» маърӯза намуданд.

Инчунин намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд атрофи мавзӯъҳои баррасишуда табодули назар намуда, таклифу пешниҳодҳо баён намуданд. Дар анҷом Азим Турсунзода иброз намуд, ки ҳамкорӣ дар оянда бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта аз имконоти мавҷуда истифода хоҳанд намуд.

  АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...