-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Дар Бохтар Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон доир шуд

30 ноябр дар шаҳри Бохтар бахшида ба ҷамъбасти Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ» Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар форум занону бонувони ҳунарманд ва дигар ҳунармандони чирадасти вилоят маҳсули заҳмати худ- ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ аён буд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушду нумӯи тоза ёфта, ҳунарҳои фаромӯшшуда аз нав эҳё гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бо ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбат намуда, оид ба рушд бештар бахшидан ба ҳунарҳои мардумӣ, бахусус, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, попурзанӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ дастуру тавсияҳои муфид дода, андешаҳои ҳунармандонро шунид.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманд хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва дигар анвои ғизоиро ба намоиш гузоштанд.

Зикр шуд, ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ба эҳё ва рушди ҳунармандӣ такони ҷиддӣ бахшид.

АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news