-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Сафорати ИМА барои даъвати омӯзгорони забони англисӣ аз Амрико ба Тоҷикистон омода аст

 Сафорати ИМА омодаи он аст, ки ҳамкориро дар самти таъсиси марказҳои нави омӯзиши забони англисӣ, даъвати омӯзгорон аз ИМА ҷиҳати дарс гуфтан дар марказҳои забономӯзӣ, мусоидат дар нашри китобҳои дарсӣ, ҷоннок намудани фаъолияти барномаҳои таълимии FLEX ва ACCELS вусъат бахшад. Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА  дар Душанбе Ҷон Марк Поммершайм баён гардид, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт.

Зикр гардид, ки айни замон ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Ғарм ва Панҷакент фаъолият намуда, ба хоҳишмандон ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни забономӯзӣ, истифодаи технология, иштирок дар мизҳои мудаввар бо мутахассисони соҳавӣ, истифодаи интернети баландсуръат бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳоро ба таври ройгон пешкаш менамоянд.

Вазири маориф ва илм зикр кард, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дар соҳаи маориф ва илм маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ монда шудааст.

Яке аз ташкилоти бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамояд, USAID (ЮСАИД) – Ташкилот оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, ки то имрӯз якчанд лоиҳаҳоро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи «Хониши босифат» барномаи панҷсола буда, ҳадафи он беҳтар намудани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои аз як то чор дар мактабҳои миёна мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо ЮСАИД дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, моҳи июли соли 2017 ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» миёни вазорат ва ЮСАИД Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Мақсади асосии лоиҳа- тақвияти натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии мақсаднок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Фаъолияти лоиҳа дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш ва арзёбии рушди малакаҳои хониш, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкорӣ барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш, инчунин рушди дастгирии ҳукумат дар самти тақвияти хониш равона гардидааст.

Ҳамзамон дар самти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шурӯъ аз соли 2007 то имрӯз факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки вобаста ба рушди ҳамкорӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва илм тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news