0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, доир гардид.

Тибқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори тарафи Тоҷикистон ҳамасола пешниҳодҳои худро вобаста ба талаботи касбӣ, ки ба кормандони педагогии рус алоқамандӣ доранд, ба мақомоти ваколатдори тарафи Русия пешниҳод намуда, Русия ҷиҳати таъмини талаботи пешниҳодшуда мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, гуфта шудааст, ки фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо дар асоси қонунгузории Федератсияи Русия аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, таълим дар мактабҳо бо забони русӣ бо омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ ба амал бароварда мешавад.

Зимни имзои созишномаҳо таъкид гардид, ки соли панҷум аст Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ менамояд.

Зикр шуд, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, физика, биология ва дигар фанҳо ба забони русӣ ба хонандагон таълим медиҳанд.

АКС аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news