3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд

30 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередовро, ки бо мақсади иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо натиҷаҳои Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ашхободи Туркманистонро муҳокима карданд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили сатҳи баланди мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро таъкид карда, ба ҷониби Туркманистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии гарм бори дигар изҳори сипос намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ зарурати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагии ҳамаҷониба ба сафари ҷавобии расмии Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон таъкид гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ карда шуданд.

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news