5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Доир ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона ҷаласа доир шуд

Оид ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамчунин барои пешгирии қонунвайронкуниҳо ва сари вақт бартараф намудани онҳо аз ҳисоби кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб дар мавзеъҳои осебпазир навбатдорӣ ташкил гардидааст. Дар ин бора зимни ҷаласаи корие, ки  бо иштироки раисони ҷамоатҳо ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, хабар дода шуд.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки гурӯҳҳои корӣ якҷоя бо Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунии заминҳо, худсарона ишғол намудан, сохтмони худсарона дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе мунтазам чораҷӯӣ намуда, дар Ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаҳои Зафар, Чоряккорон дара, Ҳуснобод, Меҳробод, Армуғон ва Маърифати Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаҳои Бакавул, Девдара, Дашти хорзо, Гулбоғ, Шодоби Ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Чорбоғи ноҳияи Варзоб, маҳаллаҳои Лучоби ноҳияи Сино, Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, маҳалаи боғи Ғалабаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намудаанд. Прокуратураи генералӣ барои пешгирии қонунвайронкунӣ, истифодаи ғайримақсадноки қитъаҳои замин, махсусан заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва сохтмони худсарона дар онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида, шахсони алоҳидаро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд.

Ориф Хоҷазода аз раисони кумитаҳои идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ, Варзоб, муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб вазъиятро пурсида, ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз сидқи дил ва софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ, зиёд намудани корҳои тарғиботӣ барои истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаҳои замин супоришҳо дод.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки  барои ба «Минтақаи сабз» табдил додани талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва ба ин восита беҳтар намудани вазъи экологии пойтахт бояд тадбирҳои судманд андешида шаванд. Изҳори боварӣ гардид, ки иштирокчиёни ҷаласа, махсусан раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ба пешгирии қонунвайронкунӣ ва сари вақт бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоршуда мусоидат намуда, ҳамкориро дар ин самт бо кумитаҳои идораи замин дар маҳал беҳтар ба роҳ мемонанд.

АКС: Кумитаи идораи замин ва геодезӣ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news