Аз 22 то 27 ноябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон омода карда шуданд.
Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек доир шуд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.