-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҳамоиш доир мешавад

 3-4 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон  бо иштироки намояндагони сохтору кумитаҳои дахлдори давлатӣ ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии маъюбон ҳамоиш доир мегардад. Мавзӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии маъюбон  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид «Роҳбарӣ ва иштироки шахсони маъюб дар роҳи ташкили ҷаҳони фарогир, дастрас ва устувор пас аз COVID-19» эълон гардидааст.

Тавре раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев иттилоъ дод, ҳамоиши мазкур  бо дастгирии Департамент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (United Nations Departament of Economic and Social Affairs (UNDESA)) баргузор шуда, мақсад аз он бори дигар баррасӣ ва муайян намудани ҷараёни амалишавии «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»  мебошад.

Баъди ба имзо расидани Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 27 феврали соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» қабул шуд, ки ҳоло дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии  маъюбон   таҷлил мегардад. Ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news