-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом медиҳад.

Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти хабар дод, ҳайати меҳмонон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуда, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва имконоту зарфияти он шинос хоҳанд шуд.

Дар доираи сафар вохӯрии дуҷонибаи доираҳои соҳибкории вилоятҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳайати вилояти Могилёв ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуда, перомуни густариши робитаҳо мубодилаи афкор менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи ноябр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Беларус, аз ҷумла вилояти Могилёв сафар карда буд. Зимни сафар ҷонибҳо хостори ба сатҳи нав бароварда шудани робитаҳои гуногунҷанбаи ду вилоят шуда, омодагии худро барои ҷалби сармояи муштарак ва ташкили корхонаҳои нав баён дошта буданд.

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news