3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

5 декабр бозиҳои даври 27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз мешаванд

 Бозиҳои даври  27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 5 декабр   дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд. Дар ин давр дастаи футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдонаш бо  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе вомехӯранд.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо  дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, бо ҳисоби мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад.

Дар бозии дигари даври 26-ум  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар дастаи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи  ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ заданд. Дар доираи ин бозӣ ба дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби  2:1 шикаст дод. Бозингари  дастаи «Эсхата»  Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ аз дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош»  Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари дастаи  футболи «Кӯктош»-и   ноҳияи Рӯдакиро ба нишон расонид.

ҶОЙИ   ДАСТАҲО                                     Б       Ғ       М      Б       Т-Т       Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  25  20  4  1  76-8  64
 2  «Хуҷанд»(Хуҷанд)  25  17  3  5  52-25  54
 3  КМВА (Душанбе)  26  11  8  7  36-29  41
 4  «Истаравшан»(Истаравшан)  26  11  6  9  28-25  39
 5  «Хатлон»(Бохтар)  26  10  6  10  29-31  36
 6  «Равшан» (Кӯлоб)  26  7  8  11  27-34  29
 7  «Эсхата» (Хуҷанд)  26  8  3  15  32-49  27
 8  «Файзканд» (Восеъ)  26  7  5  14  18-36  26
 9  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  26  7  5  14  37-56  26
 10  «Душанбе» (Душанбе)  26  4  6  16  23-65  18

Бозингарони беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») –бо  11 голӣ.

Даври 27-ум

5 декабр  (Якшанбе)

Оғози  бозиҳо  соати  14:00 

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

                                            АКС: ФФТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news