-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Сироҷиддин Муҳриддин ва Ғода Волӣ мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру ҷинояткориро баррасӣ намуданд

Имрӯз, 29 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ғода Волиро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

«Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд»,- хабар доданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон сухан гуфт.

«Нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он дар рафъи зуҳуроти номатлуби зикршуда, аз ҷумла ба воситаи расонидани кумаки фаннӣ муҳим аст»,- таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news