-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ Ғода Фатҳӣ Волӣ мулоқот намуд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид-мудири иҷроияи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Фатҳӣ Волӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот муҳимтарин масъалаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар доираи Созмони Милали Муттаҳид  ва ниҳодҳои зертобеи он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкории дуҷониба ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи инсон, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухадиротӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Мавриди зикр аст, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва амнияти байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуда, баҳри сулҳофаринӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдидҳо ба амният ва субот, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, қочоқи инсон ва дигар амалҳои номатлуб пайваста тадбир меандешад.

Дар идомаи ташаббус ва иқдомот солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм ва пешгирии омилҳои он, сарчашмаҳои маблағгузории он соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Мубориза бо терроризм ва пешгирии экстремизми хушунатомез” ва соли 2019 Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар сатҳи мубориза бо маблағгузории терроризм тавассути қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор намуда,  дар ин самт оянда низ бо иқдому талошҳои муваффақона чораҳҳои мушаххасро амалӣ месозад.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news