-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи Шӯрои АБ СААД иштирок намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи  якҷояи Шӯро ва ҷаласаи чордаҳуми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияту дастҷамъӣ иштирок намуд. 

Ҷаласаи мазкур дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин доир гардид.

Тибқи барнома, дар ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои ин Созмон- Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба мавзӯи  «Татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021»  иброз дошт, ки «итминон дорам, ки дар шароити душвори имрӯза давлатҳои узв метавонанд якҷоя амният ва суботро дар минтақаи масъулияти ин созмони бонуфуз таъмин намоянд. Мехоҳам таъкид намоям, ки давраи раёсати Тоҷикистон ба давраи афзоиши чолишҳои фавқулода ва таҳдидҳо ба минтақаи  амнияти дастҷамъӣ рост омад. Дар баробари таназзули шадиди вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Афғонистон марҳалаи хатарноки пандемияи COVID-19, ки боиси буҳрони тӯлонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳонӣ гардид, таъсири манфиро идома дод».

Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубрами амнияти байналмилаливу  минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти СААД тайи давраи раёсати Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокдорони ҷаласаи Шӯро  ҳамчунин масъалаҳои рӯзнома,  аз   ҷумла «Дар бораи татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021», «Дар бораи афзалияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсати ҷумҳурӣ дар СААД», « Дар бораи ҷамъбасти ҷаласаи моҳи сентябри 2021 Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, вазъ дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ дар кишварҳои узви СААД ва мухофизати онҳо аз дахолати хориҷӣ», «Дар бораи лоиҳаи санадҳои намунавии қонунгузорӣ ва тавсияҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният ворид шудаанд» ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дода,  қарорҳои дахлдор қабул карданд.

АКСҲО: МН МО ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news