0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Дар Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ баргузор гардид

 Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Мусобиқаи мазкур ба таври гурӯҳӣ идома ёфта, дар он аз 4 минтақаи ҷумҳурӣ дастаҳо ширкат варзиданд. Дар рӯзи охири мусобиқа дастаи шаҳри Душанбе бо дастаи Хатлон-1 аз шаҳри Бохтар вориди  рақобат шуданд, ки ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 бар нафъи дастаи Душанбе ба анҷом расид.

Дар бозии охирини мусобиқа дастаҳои Хатлон-2 минтақаи Кӯлоб ва дастаи ШНТМ байни ҳам сабқат  намуданд. Барои дастаи Хатлон-2 минтақаи Кӯлоб зарур буд, ки дар ин рақобат  бо таносуби 4 гол бар рақиб ғолиб омада, сазовори ҷойи якум шавад. Лаҳзаҳои голзанӣ барои ҳарду даста зиёд буд, вале дастаи Хатлон-2 дар ин бозӣ танҳо 3 гол ба дарвозаи рақиб ворид намуд ва бо таносуби голҳо дастаи Душанбе мақоми аввалро соҳиб гардид.

Пас аз хотимаи рақобатҳо ба дастаҳо Ҷом, медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат тақдим карда шуд. Инчунин дар ин мусобиқа дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва беҳтарин ҷавгонбози ҷавони мусобиқа муайян карда шуда, бо туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

                                                                                     АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news