5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» ва маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон- муҳаррики инноватсия» баргузор карда шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки рушди соҳаи илм таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин раванд ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади амалисозии иқдоми мазкур ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт имсол якумин бор Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ташкил ва баргузор гардида, ғолибон ва омӯзгорони онҳо бо ҷоизаҳо ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ихтироъкорон, соҳибкорон, навоварони ҷавон, намояндагони донишгоҳҳои кишвар иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

Инчунин дар доираи ҳамоиш мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пайвасти илм ба истеҳсолот чорабинии «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор шуд, ки ихтироъкорон ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ натиҷаҳои зеҳнии худ, яъне ихтироъҳояшонро бо назардошти самараи иқтисодӣ пешкаш намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news