3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор гирифт

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло иброз намуд, ки  «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба МН МО ҶТ пешниҳод  карда шудааст.

Дурнамои мазкур мутобиқи моддаҳои 4 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзиро барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат  муайян менамояд.

Дурнамои зикргардида барои ноил шудан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон — нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат тавассути механизму воситаҳои татбиқшавандаи сиёсати пулию қарзӣ равона мегардад.

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат самтҳои асосии ташкили механизми самараноки таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, гузариши батадриҷ ба реҷаи нав — ҳадафгирии таваррум бо назардошти коҳиши хавфҳои ҷойдоштаро дар бар гирифта, баҳри ноил шудан ба нишондиҳандаи мақсаднок равона мегардад.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news